баргард чоп кардан

«КАМАЗ»-и рабудашуда пайдо гардид

Автомашинаи тамғаи «КАМАЗ» рақами давлатиаш  М 8039 РТ 03-ро ғайриқонунӣ идора карда бурдаанд.

Тавре ба «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, ин мошин аз назди корхонаи хусусии Бафоев «Газпромнефт», воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати Чортеппа, деҳаи Арбобхотун ғайб задааст. Гуфта мешавад, соҳиби мошин Мизробшо Рафиев, истиқоматкунадаи шаҳри  Душанбе, кӯчаи  Навобод, хонаи 2 мебошад. Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ автомашинаи  номбурда аз назди заводи «Сомон- Сохтмон»-и ноҳияи Рудакӣ кӯчаи Чортеппа, ёфт шуд. Барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон айни замон амалиёти кормандони милиса идома дорад.