баргард чоп кардан

Афзоиши воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон

Воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон тӯли 9 моҳи ахири соли равон 29 ҳазору 704  тоннаро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 876 тонна зиёд аст.


Дар ин бора аз маркази матбуотии вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд. Бино ба иттилои манбаъ, дар 9 моҳи  соли равон нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба 507 адад: дар вилояти Суғд 214, Хатлон121, ВМКБ 11, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 97 ва дар Душанбе ба 64- то расонида шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2010-ум 37 адад зиёд шудаанд.

Манбаъ афзуд, вазорати энергетика ва саноат  дар якҷоягӣ бо роҳбарони корхонаҳои зертобеи худ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорони ватанӣ барои таъмини аҳолӣ бо намудҳои гуногуни сӯзишворӣ, махсусан маҳсулоти нафтӣ тамоми чораҳоро меандешанд.  Маврид ба зикр аст, ки кишварҳои воридкунандаи газ ба Тоҷикистон- Русия, Қазоқистон, Туркманистон ва Эрон ба шумор мераванд.{jathumbnail off}