Э.Раҳмон: Барканории 2 президент соли 1992 бароям сабақ шуд (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 17 сентябр зимни Конфронси байналмилалӣ ба ифтихори 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Тоҷикистон ин ниҳодро нишонаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистон арзёбӣ карда, афзуд, ки мавҷудияти чунин мақом ифодаи ҳадафи давлат ва миллат дар самти бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар конфронс изҳор доштааст, ки Суди конститутсионӣ фаъолияти меъёрэҷодкунии мақомоти давлатиро назорат карда, ҳама гуна санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба Конститутсия мухолифатдоштаро бекор мекунад ва бо ҳамин роҳ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро, ки дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва Конститутсияи мамлакат пешбинӣ шудаанд, таъмин менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои 90-уми асри гузашта зикр карда, таъкид намудааст, ки он замон мухолифони Суди конститутсионӣ низ буданд, вале ӯ ҳамчун роҳбари давлат ҷонибдори таъсиси чунин ниҳод будааст: “Вобаста ба ин, мехоҳам махсус зикр намоям, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия андешаҳое низ садо медоданд, ки ҷонибдорони онҳо таъсис, мавҷудият ва фаъолияти мақомоти назорати конститутсиониро дар низоми ҳокимияти давлатӣ, хусусан ҳокимияти судӣ амри воқеӣ ҳисоб намекарданд ва онро асоснок намешумориданд. Аммо таваҷҷуҳи ман ҳамчун роҳбари давлат ба таъсис ва мавҷудияти мақоми махсусгардонидашудаи назорати конститутсионӣ дар мамлакат ҷиддӣ буд, ки он сабабҳои объективии худро дошт”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон сабаби таваҷҷуҳаш ба таъсиси Суди конститутсиониро ба ғайриконститутсионӣ барканор шудани ду президенту 5 ҳукумат дар соли 1992 арзёбӣ кардааст: “Чунончи, бесарусомонии дар мамлакат солҳои 1990-1992 ба миёномада, аз ҷумла беэътиноӣ ба конститутсияи амалкунанда ва танҳо дар давоми як сол, яъне соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон даҳ маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо, ғайриконститутсионӣ барканор кардани ду Президент ва панҷ Ҳукумат, ки оқибат мамлакатро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ тела доданд, шахсан барои ман сабақи таърихӣ буд”.
Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, ки фаъолияти Суди конститутсионӣ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҳокимияти давлатӣ ва судӣ вобаста ба пешрафти давлат ва ҷомеа, таҳким ёфтани асосҳои демократии сохтори конститутсионӣ, боло рафтани аҳаммияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дастрасии шаҳрвандон ба суд боз ҳам беҳбудӣ бахшида шавад: “Дар навбати худ ба бовару эътимоди ҷомеа ноил гардидани судҳо аз тамоми кормандони мақомоти судӣ заҳмати софдилона, фаъолияти созанда ва поквиҷдононаро тақозо мекунад”.