Ҳалокати муҳоҷири 20-солаи тоҷик баъди афтидан аз ошёнаи сеюми “Апарт-отель”
Як муҳоҷири 20-солаи тоҷик аз қабати сеюми сохтмони биное дар ноҳияи Василеостровскийи Санкт-Петербург афтида, ба ҳалокат расидааст. Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин воқеа дар кӯчаи Урал ба вуқӯъ пайватсааст.
Торнамои “Оперативное прикрытие” менависад, ҷасади ин муҳоҷири тоҷик, ки аз ӯ Ҳаитмурод Х. ном бурда мешавад, 17 сентябр соатҳои тақрибан 17:30 аз назди сохтмоне дар назби бинои 27 ёфт шудааст: “Кумитаи тафтишотӣ аз рӯи ин далел санҷиш мегузаронад”.
Манбаъ гуфтааст, дар ин суроға сохтмони “Апарт-отель” идома дорад.
Як рӯз қабл аз ин ҳодиса, шоми 16 сентябр аз сохтмони биное дар кӯчаи Маяковскийи Екатеренбург муҳоҷири 31-сола аз Тоҷикистон ба замин афтида буд. Дафтари матбуоти Раёсати тандурустии шаҳр ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, қафаси синаи ин табааи Тоҷикистон осеб дида, устухонҳои по, кос ва сутунмуҳрааш шикастаанд: “Инчунин мағзи сараш осеб дидааст”. Табибон вазъи ӯро вазнин арзёбӣ кардаанд.