Шаҳрванди Узбакистон сафари ҳаҷҷи худро бояд 148 сол интизор шавад
Сокини 60-солаи Тошканд Шоира Содиқбекова аз он нигарон аст, ки наметавонад 148 сол зинда бимонад, то навбати Ҳаҷҷаш бирасад. Вай барои сафар кардан ба Ҳаҷ дар соли 2007 номи худро шомили рӯйхати навбатпоӣ кард, аммо дар ивази он ки навбаташ наздик ояд, бо гузашти ҳар сол дуртар меравад.
Бино бар гуфтаи ин зан, соли ҷорӣ ба вай хабар додаанд, ки дар рӯйхат номи вай таҳти рақами 148 сабт шудааст, ҳамасола аз ин рӯйхат як нафар ба Макка фиристода мешавад.
Саидбекова мегӯяд, солҳои тӯлонӣ роҳи сафар ба Ҳаҷ ва Маккаро ҷустуҷӯ карда, ниҳоят ба хулосае расидааст, ки бидуни пардохти пора ин мушкил ҳал нахоҳад шуд. Вале вай намехоҳад ин кори хайрро бо фасод олуда созад.
Вазорати Ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ барои як миллион мусалмони кишварҳои мусалмоннишин ҳамасола 1000 ҷой ҷудо мекунад. Узбакистон саҳми худро ба пуррагӣ истифода намекунад, ҳамасола ба Ҳаҷҷ ҳамагӣ 5 ҳазор нафарро мефиристад.