баргард чоп кардан

Рӯбарӯкунии шарики Ҳоҷӣ Ҳалим бо Ҳайит: Аз нақшаи ошӯб то тақсими вазифа

Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ҳайит, ноиби боздоштшудаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро баъди зуҳри 22 сентябр бо яке аз шарикони дастгиршудаи Ҳоҷӣ Ҳалим рӯбарӯ кардаанд.

Дар ин бора ба “Озодагон” Ҷамшед Ёров, вакили дифои Ҳайит иттилоъ дода, афзуд, шарики Ҳоҷӣ Ҳалим шаҳодат дод, ки “гӯиё зерҳимояам бо маслиҳати пешакӣ бо Абдуҳалим Назарзода қарор доштааст. Ӯ изҳор дошт, ки гӯиё Ҳайит, Муҳиддин Кабирӣ ва ду нафар аз наздикони ӯ аввали моҳи марти соли равон дар хонаи Ҳоҷӣ Ҳалим мулоқот доштаанд ва маслиҳати ташкили ошӯб кардаанду гӯиё маслиҳат кардаанд, ки баъди ошӯб вазифаҳоро тақсим мекунанд”.

Оқои Ёров мегӯяд, аммо зерҳимояаш бо ваҷҳу далелҳои қотеъ беасос будани ин изҳоротро исбот намуд.

Вакили дифоъ афзуд, то ҳол алайҳи ҷаноби Ҳайит расман айб эълон нашудааст ва қарори додгоҳ дар бораи ҳабси пешакии ӯро низ мақомот пешниҳод накардаанд: “Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунгузорӣ давоми 72 соат агар зарурати идомаи ҳабс пеш ояд, бояд қарори додгоҳ дар бораи ҳабси пешакӣ содир шавад. Мо дархост кардем, ки қарорҳо дар бораи оғози парванда, дар бораи ҳабси пешакиро ба мо пешниҳод кунанд, аммо то ҳол нагирифтаем”.

Ҷамшед Ёров инчунин аз амали мақомот интиқод намуд, ки зерҳимояашро рӯзи 16 сентябр боздошт карданд, аммо наздикону вакили дифоаш танҳо рӯзи 22 сентябр макони нигоҳдориашро фаҳмидаанд, ки боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амният будааст: “Тибқи қонун худи мақомот бояд аз лаҳзаи дастгир кардани шаҳрванд баъди 12 соати бозпурсӣ ба ӯ имкон диҳанд, ки ба наздиконаш дар тамос шаваду огоҳ кунад. Мо аз рӯи нақзи ин талаботи қонун ҳам шикоят хоҳем кард”.

Ин вакили дифоъ афзуд, феълан ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ аз рӯи се моддаи Кодекси ҷиноӣ -- 179 (террор), 104 -– (одамкушӣ), 187 -- (ташкили иттиҳоди ҷиноӣ) алайҳи зерҳимояаш дар назар аст: “Эҳтимол иттиҳомоти мақомот афзоиш ёбанд ва айби ниҳоӣ давоми 10 рӯз маълум хоҳад шуд”.

Ҷамшед Ёров дар мавриди вазъи саломатӣ ва муносибати маъмурини боздоштгоҳ бо Маҳмадалӣ Ҳайит гуфт, ин нахустин суоли ман аз ӯ ҳангоми танҳо монданамон буд: “Гуфт ҳамааш хуб аст, ҳеч шикояте надошт. Осори шиканҷаро ҳам дар ӯ ва ҳаракату роҳгардиҳояш мушоҳида накардам”.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр бо нашри як изҳороти расмӣ Маҳмадалӣ Ҳайит ва 12 фаъоли дигари ҲНИТ-ро, ки дар боздошт ба сар мебаранд, дар ҳамдастӣ бо гуруҳи Абдуҳалим Назарзода муттаҳам карданд.