Муҷозоти Холиқдоров барои роҳандозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия
Додгоҳи федеролии Бердски вилояти Новосибирск сешанбеи 22 сентябр як шаҳрванди Тоҷикистонро дар созмон додани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва тақаллуби санад муҷрим шинохта, шартан се сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Бино ба иттилоои расонаҳои русӣ, дар баробари шаҳрванди Тоҷикистон ду табааи Узбакистон низ бо ҳукми додгоҳ шартан дуюним солӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Аз шаҳрванди Тоҷикистон Исроил Холиқдоров ва аз ду табааи Узбакистон Абдулаҳат Абдунабиеву Равшанбек Бозорбоев ном бурда мешавад. Ба иттилои манбаъ, ин се нафар дар “ҳайати гуруҳи созмонёфта ба роҳандозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Бердск ва ноҳияи Искитимси вилояти Новосибирск машғул будаанд.
Манбаъ меафзояд, фаъолияти ин гуруҳ аз сӯи кормандони Хадамоти федеролии амнияти Русия қатъ шуда, тафтишот маълум кардааст, ки онҳо барои 500 ҳамватани худ санадҳои тақаллубии кор дар Русияро таҳия кардаанд: “Ҳаҷми “хизмат”-и онҳо то панҷ ҳазор рубл будааст”.
Расонаҳои русӣ менависанд, дар ҳайати ин гуруҳ, ки аз соли 2014 ба муҳоҷирон иҷозатномаи тақаллубии кор пешниҳод намуда, дар шиносномаҳои онҳо муҳри тақаллубии Хадамоти марзбонии ФСБ дар мавриди убури марзи давлатӣ мезадаанд, кормандони раёсати хадамоти муҳоҷирати Русия низ будаанд, аммо гуноҳи онҳо исбот нашудааст.
Исроил Холиқдоров, Абдулаҳат Абдунабиев ва Равшанбек Бозорбоев дар ҷараёни тафтишот ба гуноҳи худ иқрор кардаанд.