Видеои рекорди Левандовский: 5 гол дар 9 дақиқа
Роберт Левандовский, ҳамлагари дастаи футболи “Бовария”-и Мюнхен дар нуҳ дақиқаи бозӣ бо дастаи “Волфсбург” 5 тӯб вориди дарвозаи ҳариф карда, рекорди нави Бундеслигаро гузошт.
Ин бозигари 27-солаи лаҳистонӣ аз дақиқаи 51 то 59, панҷ гол зад. Дар қисмати аввали бозӣ тими “Волфсбург” бо ҳисоби 1:0 пешсаф буд, аммо дар пайи голҳои Левандовский “Бовария” бо ҳисоби 5:1 ғалаба кард.