Даргузашти ду модари тоҷик ҳангоми маросими Ҳаҷ
Кумитаи дини Тоҷикистон аз даргузашти ду зоири тоҷик дар маросими ҳаҷҷи имсола хабар дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод, рӯзҳои ахири адои маносики ҳаҷ ду модари тоҷик – Тоҷиева Гулсара, сокини 66-солаи шаҳри Турсунзода ва Норова Соҷида, сокини 51-солаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшиданд. Кумитаи дин сабаби даргузашти ин ду зоири тоҷикро бемории қалб гуфта, афзуд, онҳо пеш аз зиёрати Хонаи Худо низ аз ин беморӣ ранҷ мебурдаанд.
Кумитаи дини Тоҷикистон ахиран эълон кард, рӯзи 24 сентябр дар издиҳоми водии Минои шаҳри Макка, ки боиси ҳалокати беш аз 700 зоир шуд, ҳеч ҳақкунандаи тоҷик осеб надидааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, 6300 зоири тоҷик, ки имсол Хонаи Худоро зиёрат карданд, маросими ҳаҷро анҷом доданд ва дар назар аст, аз 28 сентябр бозгашташон ба Ватан оғоз шавад.