Шаҳрванди Тоҷикистон дар куштори сокини маҳалии Бошқирдистон муттаҳам мешавад
Як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми куштори як сокини 42-солаи Бошқирдистон боздошт шудааст.
Дафтари матбуоти Раёсати тафтишотии Русия дар ҷумҳурии Бошқирдистон мегӯяд, ҷумъаи 25 сентябр дар ноҳияи Сибай миёни ин ду нафар муноқиша сар задааст: “Яке аз онҳо аз дигарӣ 8 ҳазор рубл қарздор будааст. Дар натиҷа марди 32-солаи сархуш бо корд ба марди дигар ҳамла мекунад. Ҷабрдида дар ҷои ҳодиа ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ меафзояд, нисбати боздоштшуда бар асоси моддаи 105, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Русия (куштор) парванда боз шудааст.