Э.Раҳмону А.Абдуллоҳ дар Ню-Йорк аз таъмини субот дар минтақаҳои марзӣ гуфтаанд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 28 сентябр дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Афғонистон мулоқот кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти президенти кишвар, Эмомал Раҳмон дар оғози ин дидор гуфтааст, “умедворам, ки саъйю талоши муштараки мо ва тамоми ҷомеаи байналмилалӣ ба таъмини субот, сулҳ ва пешрафти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мусоидат хоҳад кард".
Манбаъ меафзояд, ҷонибҳо сатҳи кунунии муносибатҳои ду кишварро баланд арзёбӣ намуда масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисодиёту иҷтимоиёт, энергетика, ҳамлу нақл, маорифро баррасӣ карданд: “Таваҷҷуҳи бештар ба татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, омодасозии заминаи бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва хатти барқии баландшиддати CASA-1000 аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон зоҳир гардид”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, дар мулоқот доир ба масоили амниятӣ, аз ҷумла таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои сарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва муборизаи муштарак бо унсурҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтугӯи судманд сурат гирифт.