Бархӯрди “Опел” бо “Шансӣ” се кушта барҷой гузошт
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи бархӯрди мошини “Опел-Астра” бо мошини боркаши “Шанси” дар роҳи Душанбе-Чаноқ се ҷавон ҷон додаанд.
Тибқи иттилои манбаъ рӯзи 27 сентябр, ронандаи 25-солаи “Опел-Астра”, сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чаноқ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Ғончӣ бехатарии ҳаракатро риоя накарда, бо автомашинаи тамғаи “Шанси”, таҳти идораи ронандаи 32-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ бархӯрдааст: “Дар натиҷа, ронандаи “Опел-Астра” ва ду мусофираш, сокинони 26-солаи ноҳияи Ғончӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.