11 соли маҳрумият аз озодии Акобиров дар Перм бо ҷурми ташкили созмони ҷиноӣ
Додгоҳи ноҳиявии Орҷиникидзеи Перм як шаҳрванди Тоҷикистонро 11 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
Ин табааи Тоҷикистон, ки аз ӯ Акобиров ном бурда мешавад, дар қочоқи маводи мухаддир ва раҳбарии созмони ҷиноӣ гунаҳкор шудааст. Ин созмон аз тоҷикон, русҳо ва лулиҳо иборат будааст. Додгоҳ аъзои созмонро аз 7 соли шартӣ то 18 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кардааст.
Акобиров моҳи ноябри соли 2014 аз сӯи кормандони Хадамоти назорати маводи мухаддир боздошт шуд.