баргард чоп кардан

Калонтарин шарикони тиҷории Тоҷикистон дар соли равон маълум гаштанд

Масъулини Агентии омор дар қатори панҷгонаи калонтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир, -  Русия, Чин, Туркия, Қазоқистон ва Эронро номбар карданд.


Тавре аз ниҳоди мазкур ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, таи моҳҳои январ – сентябри соли равон, ҳаҷми додугирифти Тоҷикистон бо Русия -766,9 миллион доллар, бо Чин – 514,9 миллион доллар, Туркия – 450,5 миллион, бо Қазоқистон 320,5 миллион ва Эрон – 150,3 миллион доллари амрикоиро ташкил додаст.

Ба иттилои манбаъ, мизони гардиши савдои хориҷии кишвар, ҳамоно манфӣ буда, ҳаҷми воридот аз содирот ҳудуди 2,5  маротиба зиёдтар аст: «Таи нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ба кишвар дар ҳаҷми 2 миллиарду 300 миллион доллари амрикоӣ молу маҳсулот ворид шуда, дар ҳаҷми 952 миллион доллар  содир шудааст.  Тоҷикистон бо 98 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва 88 кишвари хориҷи дур муносиботи тиҷоратӣ доштааст. Аз ҳаҷми умумии савдои хориҷӣ, 44,7 фоиз ё зиёда аз 1,4 миллиард доллар ба кишварҳои ИДМ ва 55,3 фоиз ё 1,8 миллиард доллар ба кишварҳои хориҷи дур  рост меояд».

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи масъулини Агентии омор  ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон таи моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ 3 миллиарду 278,8 миллион доллари амрикоиро ташкил додаст, ки дар муқоиса бо нишондоди соли гузашта 641 миллион доллар зиёдтар аст.{jathumbnail off}