Мирзо Исмоилов, роҳбари «Шабакаҳои барқи Кӯлоб» ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт: «Дар мавриди пардохти ҳақи барқи истифодашуда аз ҷониби аҳолӣ мушкилӣ надорем. Сокинон дигар онро сари вақт ва бе ягон зӯриву зорӣ пардохт мекунанд. Мушкил сари ташкилотҳои буҷавӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ба хусус хоҷагиҳои оби шаҳру навоҳӣ мебошад». Ба гуфтаи ӯ, танҳо хоҷагии об то имрӯз аз шабакаҳои барқӣ ба маблағи 12-миллиону 656-ҳазор сомонӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ беш аз 117-ҳазор сомонӣ ва ташкилотҳои буҷавӣ ба маблағи 205-ҳазор сомонӣ қарздор мондаанд.
Ҳамчунин, ҷаноби Исмоилов гуфт, агарчӣ аҳолӣ дар ҳоли ҳозир ҳақи барқи мегирифтаашро сари вақт пардохт карда меояд, вале қарзҳои аз гузашта мондаи он беш аз 12-миллион сомонӣ будааст, ки мутаасифона ҷамъоварии он мушкилӣ ба бор меорад. Дар маҷмӯъ, қарзи истифодабарандагони барқ дар минтақа зиёда аз 26-миллионро ташкил медиҳад.Дар ҳамин ҳол, барои навоҳии минтақаи Кӯлоб низ сар аз 13-уми октябр маҳдудияти интиқоли барқ ба роҳ монда шудааст. Ба иттилои манбаъ, тибқи меёри ҷудошуда, барои 8-навоҳии минтақа 1-миллион кВт/соат дар 1-моҳ пешбинӣ шуда, тайи 1-шабонарӯз барои аҳолӣ аз соати 5-субҳгоҳ то соати 9-и саҳар ва бегоҳӣ аз соати 17 то соати 22-и шаб барқ дода мешаваду бас. Барои иншооти муҳим ва ташкилоту корхонаҳои фаъол бошад таъмини барқ доимӣ будааст.{jathumbnail off}