Русия дар фурудгоҳи Айнӣ чархболҳои зарбазани ҷангиро ҷой мекунад
Вазорати дифои Русия имрӯз, 7 октябр эълон кардааст, ки ба пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон чархболҳои ҷангӣ мефиристад.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод, аз ҷумла ба Тоҷикистон чархболҳои зарбазани Ми-24П ва ҷангӣ-нақлиётии Ми-8МТВ фиристода мешаванд: “Ин техникаи ҳавоӣ дар фурудгоҳи Айнии назди Душанбе ҷойгир хоҳад шуд”.
Ин иқдоми Русия дар ҳолест, ки шоми 6 октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия тақвияти ҳамкориҳои низомӣ ва ҳифзи сарҳадот бо Афғонистонро баррасӣ карданд.