Худкушии ҷавондухтари 21-сола дар Шаҳристон
Як ҷавондухтари 21-сола аз ноҳияи Шаҳристон дар манзили зисташ даст ба худкушӣ задааст.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дода, афзуданд, ин ҳодиса 6 октябри соли равон рух додааст: “Ин сокини ҷамоати деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон дар манзили истиқоматиаш худро ба дор овехтааст”.
Манбаъ афзуд, феълан мақомоти дахлдор дар пайи пайдо кардани омилҳои ба худкушӣ даст задани ин ҷавондухтаранд.