Мақоми 102-и Тоҷикистон аз рӯи теъдоди муштариёни алоқаи мобилӣ
Тоҷикистон миёни 140 давлати дунё аз рӯи теъдоди муштариёни алоқаи мобилӣ дар ҷои 102-юм қарор дорад.
Ин нукта дар гузориши ҷадиди Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ оид ба рақобатпазирӣ барои солҳои 2015-2016 зикр шудааст.
Ба иттилои гузоришгарон феълан ба 100 сокини Тоҷикистон 95,1 муштарии алоқаи мобилӣ рост меояд: “Соли гузашта ин нишондод ба 91,8 муштарии алоқаи мобилӣ баробар буд ва Тоҷикистон миёни 144 кишвари ҷаҳон дар зинаи 107-ум қарор дошт”.
Дар Қирғизистон ба 100 сокин 135 муштарии алоқаи мобилӣ, дар Қазоқистон-168,8 муштарӣ ва дар Русия ба 100 сокин 155,1 муштарии алоқаи мобилӣ рост меояд.