баргард чоп кардан

Қароргоҳи як ташкилоти хориҷӣ дар Душанберо ғорат карданд

Як утоқи кории созмони башардӯстонаи байналхалқии «Даниги Миссияи Шарқ» мавриди ғорати дуздон қарор гирифтааст.


Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, дар ин бора аризаи шаҳрванд  Насибови 36- сола, сокини кӯчаи  Фирдавсӣ ворид гардид. Ба гуфтаи ӯ,    шахси  номаълум бо роҳи интихоби калид вориди утоқи кориашон, воқеъ дар кӯчаи  Рӯдакӣ, хонаи  30, ҳуҷраи  25 шуда, пинҳонӣ аз он ҷо 2-адад компютери тамғаҳои «НР» ва «Тошиба», 1-адад телефони мобилии тамғаи «Нокиа-3720» ҷамъ ба маблағи 7.000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Манбаъ афзуд, зимни гузаронидани ҷораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Баҳромиддин Шодиеви 28- сола, сокини кӯчаи  И. Сомонӣ, хонаи111/3, ҳуҷраи 107 дастгир карда шуд. Гуфтанист, ба ҷуз ин боздоштшуда, рӯзи 3-уми октябри соли равон ба хонаи истиқоматии   Муқимова, сокини кӯчаи Мичурин, хонаи  5, ҳуҷраи  15 даромада, аз он ҷо 1-ҷуфт гӯшвори тиллоӣ арзишаш 500 доллари ИМА ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Нокиа-6230», ки арзишаш 500 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.  Ба иттилои манбаъ, дастгиршуда қаблан доғи судӣ дошта, бо моддаи 244, кодеси ҷиноии ҷумҳурии Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум гардидааст.{jathumbnail off}