баргард чоп кардан

Дипломати тозатаъини ҷопонӣ дар ҳузури Ҳамрохон Зарифӣ

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири  корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири тозатаъини Ҷопон дар Душанберо ба ҳузур пазируфт.


Зимнан, дар мулоқоти ӯ бо Хироюки Имахаши масоили марбут ба дурнамои  рушди  муносиботи  дуҷониба  ва роҳандозӣ  намудани  ҳамкории  бисёрҷониба ва  мутақобилан  муфиди ду кишвар баррасӣ гардиданд. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКХ иттилоъ доданд, сафири  Ҷопон  сипосномаи  вазири  корҳои  хориҷии кишвараш- Коичиро  Гембаро  барои  муборакбодӣ  ба  муносибати  ба мансаби  олӣ  ворид  шуданаш  супурд. Дар ҷараёни  сӯҳбат  Ҳамрохон  Зарифӣ изҳори умедворӣ  намуд, ки  сафири  кишвари  дӯст  дар  чаҳорчӯбаи  иҷрои  вазифааш  дар  шаҳри  Душанбе ба  рушди  муносиботи  дуҷонибаи  байни  Ҷопону  Тоҷикистон  саҳми арзанда  хоҳад  гузошт.{jathumbnail off}