Қатли хоҳар аз дасти бародар дар назди театри “Наврасон”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 65-солаи шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод, ки дар қатли хоҳараш айбдор мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод муайян шудааст, ки гумонбаршуда 13 октябр, тахминан соати 17:00-дақиқа, дар ҳолати мастӣ, дар назди театри “Наврасон”-и шаҳри Хуҷанд бо хоҳари 61-солааш ҷангу ҷанҷол карда, сипас бо табари дар дасташ буда, якчанд маротиба ба қисми сар ва гарданаш задааст: “Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.