Ҳалокати се бародар аз Душанбе бар асари сангрезӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асари сангрезӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд се бародар, сокинони пойтахт ба ҳалокат расидаанд.
Ба иттилои манбаъ шаби 19 октябр, тақрибан соати 23:00 дар ҳудуди деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ, дар километри 150-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бар асари борони шадид аз кӯҳ сангпораҳо болои автомашинаи тамғаи “Ниссан-Сирена” ғалтидаанд: “Дар натиҷа автомашина ба чуқурии 300-350 метрӣ сарозер шуда, ронанда, марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе ва бародарони 49 ва 41-солааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.