ВКД аз боздошти раҳбари Ҳизб-ут-таҳрир дар Маскав хабар дод
Вазорати корҳои дохилии Русия аз боздошти шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон хабар дод, ки ба иттилои ин ниҳод роҳбарии созмони террористии “Ҳизб-ут-Таҳрир” дар Маскавро ба уҳда доштааст.
Манбаъ мегӯяд, шаҳрванди мазкур 22 октябр зимни амалиёти муштараки пулис бо кормандони Хадамоти амнияти федералӣ боздошт гардида, ба кормандони мақомот муқобилият нишон додааст: “Боздоштшуда фаъолона ғояҳои экстремистиро таблиғ карда, варақаҳо дар мавриди тағйири сохти конститутсионӣ ва муқовимат бо ҳукуматро паҳн мекардааст”.
ВКД мегӯяд, амалиёт алайҳи аъзои созмони террористии “Ҳизб-ут-Таҳрир” чанд рӯзи охир идома дошта, дар маҷмуъ 22 узви ин созмон боздошт гардидаанд.