Коҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон
Қурби 1000 рубли русӣ, ки дар Тоҷикистон аввали ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе 109-111 сомониро ташкил медод, поин рафта, имрӯз, 23 октябр 106-108 сомонӣ нишон дода шудааст.
Қурби доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт тағйир наёфта, расман 6,56-6,58 сомонӣ нишон дода шудааст, аммо амалан ба ивази 6,80 сомонӣ харида ва бо нархи 6,85 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Қурби евро дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт феълан ба 770-772 сомонӣ баробар мебошад.