Духтари 23-солаи тоҷик бедарак шудааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ду ҳафта боз Озодамоҳ Тошкамбоева, сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат бадарак аст.
Ба иттилои манбаъ Озодамоҳ 9 октябри соли равон ба самти номаълум рафта, то ҳол аз ӯ дараке нест. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар даъват кардааст, ки агар дар бораи Озодамоҳ Тошкабоева иттилое дошта бошанд, тариқи рақамҳои 21 21 21, 227 98 98 ироа кунанд.