Заминларзаи 7,5 балӣ Тоҷикистонро такон дод
Марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон заминларзаи 7,5 баллиро ба қайд гирифтаанд, ки соати тақрибан 14:09 бо вақти Душанбе Тоҷикистонро низ такон дод.
Тибқи иттилои зилзилашиносҳо маркази заминларза дар қаламрави Афғонистон, дар 64 километрии ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон ҷойгир буда, иқтидораш дар марказ 7,5-7,7 балро ташкил додааст.
Аммо Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон мегӯяд, маркази заминларза дар 350 километрии ҷанубу шарқии Душанбе дар қаламрави Афғонистон рух дода, иқтидораш дар марказ 6-7 бал ва шаҳри Душанбе 5-6 балро ташкил медиҳад.