баргард чоп кардан

Васиятномаи Муаммар Қаззофӣ ба мардуми Либия

Яке аз пойгоҳҳои иттилоотии Алжир, мавсум ба «Algeria-ISP» бо истинод  ба «Seven Days News»- сомонаи муқовиматгарони Либия васиятномаи Қаззофиро ба нашр расонид.


Собиқ раҳбари инқилоби Либия ин номаро ба се нафар аз наздиконаш дода, хоҳиш кардааст, ки онро ба мардуми кишвараш расонанд,- менависад манбаъ. Дар васиятномаи сарҳанги мақтул аз ҷумла омадааст, ки ҷасади ӯро тибқи оини мусулмонӣ ва шариати ислом бо ҳамон либосе, ки қабл аз мурданаш дошт, ба хок супоранд. «Мехоҳам дар мазори шаҳри Сирт, паҳлӯи оила ва халқам дафн шавам»,- навиштааст Қаззофӣ.

Манбаъи хабар афзудааст, ки Қаззофӣ ҳамчунин васият кардааст, ки бо хонаводаи ӯ аз эҳтиром кор бигиранд, алалхусус аснои муомила бо занону кӯдакон дуруштрафторӣ нанамоянд. «Зарур аст, ки мардуми Либия адлу адолату баробариро нигоҳ доранд, ба дастоварду пешрафтҳои кишвар арҷ гузоранд, қаҳрамонони худро фаромӯш накунанд, рӯҳи гузаштагони миллатро пос доранд»,- қайд мекунад Муаммар Қаззофӣ. Собиқ раҳбари инқилоби Либия дар идомаи васиятномааш ба мардуми кишвар навиштааст: «Алайҳи ҳама гуна аҷнабиён муборизаро бояд идома бидиҳед, ба одамони озоди Либия ва саросари олам бовар кунед, ин бойиси сарбаландӣ ва рифоҳи шумо хоҳад шуд».

«Ва агар либиягиҳо дар ояндаи наздик пирӯз ҳам нашаванд, мутмаин бошед, ки насли оянда шаҳди ғалаба ва саодатро хоҳад чашид. Касе, ки барои ватан ва озодии он мубориза мебарад- қаҳрамон, нафаре, ки ватанро мефурӯшад- хоин аст»,- омадааст дар поёни номаи вопасини Қаззофӣ.{jathumbnail off}