Духтари мусалмонтабор ҷавонтарин вазири Шветсия шуд
Аида Халзиалик, духтари 28-солаи мусалмонтабори Шветсия вазири маорифи ин кишвар таъин шудааст.
Ба навиштаи расонаҳо, Аида ҷавонтарин вазир дар таърихи Шветсия будааст. Ӯ дар Босния ба дунё омада, дар панҷсолагӣ хонаводааш ба Шветсия кӯч мебандад. Аида фориғутаҳсили донишгоҳи Лунд дар риштаи ҳуқуқ мебошад.
Дар 23-солагӣ ба муовинати шаҳрдори Ҳалмстад расида, соли 2013 дар 10-гонаи 100 нафари таъсиргузори Шветсия мақом гирифтааст.