баргард чоп кардан

Мушовири пешини Муаммар Қаззофиро президент ба кор гирифт

Ҳукумати Қазоқистон собиқ нахуствазири Британияи Кабир- Тони Блэрро ба «иҷора» гирифтааст.


Тибқи иттилои «Вести ФМ», ин тасмими Остона дар рӯёрӯи бурузи мавҷи нави бӯҳрони иқтисодиву моли ҷаҳонӣ аз сар гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ҷаноби Блэр тӯли як соли оянда машваратчии бахши иқтисод  ва молиёти ҳукумати ин кишвар хоҳад буд. «Daily Telegraph», нашрияи чопи бритонӣ менависад, собиқ нахуствазири Англия барои омӯзонидани коршиносонӣ қазоқӣ дар ин тарҳ, ҳудуди 8 миллион фунт-стерлинг маош мегирад.

Ҳамзамон, сухангӯи Блэр низ ин иттилоро тасдиқ кардааст, аммо дар мавриди ҳақулзаҳмати роҳбараш чизе наафзуда. Қаблан мухолифин ва рақӣбони сиёсии Тони Блэр ӯро бо он муттаҳам мекарданд, ки: «Нахуствазири собиқ аз риштаҳои дӯстӣ ва воситаҳое, ки зимни кор дар симмати сарвазир ва фиристодаи вижа дар квартети Ховари Миёна дошт, истифода карда, сармоя меғундорад». ВАО-и Британия ҳамчунин менависад, ки оқои Блэр чанде қабл мушовирии собиқ раҳбари Либия- Муаммар Қаззофиро дар масоили молиявӣ ба зимма доштааст. Шиносоии ӯ бо Нурсултон Назарбоев, президенти феълии Қазоқистон бошад, дар соли 2000-ум иттифоқ афтодааст.{jathumbnail off}