Шаҳрдори Душанбе бо узви Ҳизби коммунисти Чин мулоқот мекунад
Маҳмадсаид Убайдуллоев[/b], раиси шаҳри Душанбе бо намояндаҳои як ҳайат аз ноҳияи Шинҷони Чин мулоқот хоҳад кард.
Тавре аз дафтари матбуоти шаҳрдори пойтахт ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ин ҳайти зери раҳбарии [b]Чжу Хайлун,[/b] узви Кумитаи доимии Ҳизби комунистии Чин дар ноҳияи мухтори Шинҷон – Уйғур 31 октябри соли равон ба Душанбе меояд. Манбаъ ҳадафи сафари ҳайатро [b]“таҳкими робитаҳои бародаршаҳрӣ ва рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ”[/b] унвон кард.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе афзуд, ин ҳайат аз намояндаҳои баландпояи шаҳри Урумчӣ ва роҳбарони 6 ширкати бонуфузи ноҳияи Шинҷон мураккаб шуда, дар доираи сафари худ аз корхонаҳои саноатии шаҳр дидан мекунанд.