Қарори №612. Генерал-майор Ҷалов аз мақоми муовини раиси КДАМ барканор шуд
Генерал-майор Абдулазиз Ҷалов бо як қарори Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳукумати Тоҷикистон аз симмати муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ озод шудааст.
Қарори барканории генерал Ҷалов 28 октябр таҳти №612 ба имзо расида, сабаби ин тасмим эълон нашудааст.
Абдулазиз Ҷалов 20 феврали соли 2013 дар маросиме бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ бо ордени Спитамен дараҷаи 1 сарфароз гардида буд.