Тоҷикистонро шамол ва борони сахт интизор аст
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, аз 31 октябр то 2 ноябр кишварро ҳавои сард фаро хоҳад гирифт.
Парвина Саидҷамолова, масъули ин марказ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аз 31 октябр то 2 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо шамол ва борони шадид дар назар аст: “Дар баландии 1000 метр барф меборад. Ҳарорати ҳаво рӯзона то 9-14 дараҷа паст мефарояд”.
Ба иттилои манбаъ, шамол аз аз самти шимол ба ҷануб рӯзона 8-13 ва шабона 17-22 метр дар як сония мевазад.