Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ изҳор медоранд, ки тайи як соли охир дар бахши андозбандии Тоҷикистон ягон беҳбудие мушоҳида нашудааст ва кишвар аз рӯи рейтинги андозбандӣ миёни 183 давлати дунё дар ҷои 168 – ум қарор дорад.
Коршиносони ин ниҳоди молии байнулмилалӣ ҳисоб кардаанд, ки дар Тоҷикистон 84,5 фоизи даромади тиҷории корхонаҳо барои пардохти андозҳо сарф мешавад, ки ин яке аз баландтарин нишондодҳо дар ҷаҳон аст.
Ба гуфтаи масъулини бонк, ин меъёр дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҳудуди 40 фойизро ташкил медиҳад. Айни ҳол дар Тоҷикистон шумораи умумии андозҳо ба 21 адад мерасад. Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ андоз аз даромади шахсони воқеӣ, андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ, андоз аз арзиши иловашуда, аксизҳо, андози иҷтимоӣ, андози замин, андоз аз истифодабарандагони қаъри замин, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андозе, ки тибқи низомномаи соддакардашуда пардохта мешавад, андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ, боҷи давлат, андоз аз фурӯш, андози ҳадди ақал аз даромадҳо, андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо, андоз барои об, дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ ва боз андозҳои маҳаллӣ аз қабили андоз аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, андоз аз фурӯши чакана ва дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ситонида мешаванд.
Доираҳои соҳибкорӣ, интизор доранд, ки бори андоз дар Кодекси нави андози Тоҷикистон, ки айни ҳол бо супориши президент таҳия шуда истодааст, камтар гардида, боиси рушди соҳибкорӣ ва мувофиқан афзоиши даромади буҷет мегардад.{jathumbnail off}