Донишҷӯ дар Душанбе зери чархи “тепловоз” монд
Як донишҷӯи 20-солаи тоҷик зуҳри 30 октябр дар шаҳри Душанбе зери чархи “тепловоз” монда, ба ҳалокат расидааст.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 30 октябр, тахминан соати 15:30 тепловоз таҳти идораи ронандаи 53-сола, ҳангоми ҳаракат аз самти истгоҳи роҳи оҳани Душанбе-1 ба самти истгоҳи Душанбе-2 дар ҳудуди кӯчаи Саъдуллоев сокини 20-солаи пойтахтро зер кардааст.
Ба иттилои манбаъ ин ҷавон, ки хати роҳи оҳанро аз ҷойи мамнуъ убур мекард, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.