Ҳалокати 4 ноболиғ дар роҳҳои Тоҷикистон тайи як рӯз
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 7 ноябр дар пайи сонеҳаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кишвар 4 ноболиғ ба ҳалокат расидаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод ронандаи 25-солаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ - 21723”, сокини ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба Кӯлоб, дар ҳудуди деҳаи Гулистон пиёдагардони ноболиғ- 14-сола, 17-сола ва 12-соларо зер кардааст, ки дар натиҷа ноболиғони 14-сола ва 17-сола ба ҳалокат расидаанд.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки инчунин пиёдагарди 12-сола дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноболиғи 16-сола дар ҳудуди маҳаллаи “Ҳоҷӣ-Шариф”-и шаҳри Қӯрғонтеппа зери чархи мошин монда, ҷон додаанд.