баргард чоп кардан

Вазорати кишоварзӣ бар зидди фасодкорӣ мубориза мебарад?

«Пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон»: Таҳти чунин унвон дар вазорати кишоварзӣ нишасти вижаи коршиносон ва масъулини соҳа баргузор гардид.


Тавре аз маркази матбуот ва иттиллооти ин вазоратхона ба «Озодагон» хабар доданд, Қоҳири Сӯҳроб, муовини сардори раёсати пешгирии коррупсияи агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия,    вазири кишоварзӣ ва сардорони раёсату шӯъбаҳо ва сардорони хадамоту корхонаҳои зертобеи вазорат дар ин ҷаласа ширкат доштанд. Мақсад аз ин вохӯрӣ пеш аз ҳама омӯхтани таҷрибаҳои пешқадами мамлакатҳои Литва ва Русия оид ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазири кишоварзӣ қайд намуд, ки барои пешгирии омилҳои зидди коррупсионӣ дар сохторҳои вазорат дар якҷоягӣ бо хадамоту муассисаҳои зертобеи он нақша-чорабиниҳои махсуси зиддикорупсионӣ амал менамояд, ки барои рафъи амалҳои характери коррупсионӣ дошта мусоидат менамояд.

Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар сохторҳои давлатӣ, вазорати кишоварзӣ бо агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳамкориро густариш диҳанд.{jathumbnail off}