баргард чоп кардан

Будубоши муҳоҷирони корӣ дар Русия боз ҳам душвортар мешавад

Мутобиқ ба як фармони раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев аз ин ба баъд муҳоҷирин барои дарёфти шаҳрвандии ин кишвар бояд ба таври ҳатмӣ хақи иҷозаи зист (вид на жителство) манзур намоянд.


Ин фармони Дмитрий Медведев, вазъи бе ин ҳам мушкили муҳоҷиринро боз ҳам сангинтар хоҳад кард. Акнун барои дарёфти шаҳрвандии Русия муҳоҷирон аввал хуҷҷати муҳоҷират, баъд иҷозатномаи будубоши муваққатӣ ва ниҳоят хақи зист дар ин кишварро ба мақомот  бояд пешниҳод намоянд. Фармони мазкурро, ки рӯзи 19 октябр ба имзо расид,  24-уми октябр "Российская газета" ба дасти нашр додааст.  Пештар муҳоҷирон барои дарёфти шаҳрвандии Русия танҳо коғази муҳоҷират ва ҳақи зист дар ин кишвар, ё иҷозатномаи муваққатии зистро манзур мекарданд, ки дастрас намудани он нисбатан осон буд.

Тибқи маълумоти Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар сол теъдоди муҳоҷирони ин кишвар аз 4,5 то 9 миллион нафар мерасад. Аммо чанде пеш ин ниҳоди Русия омореро нашр кард, ки тибқи он теъдоди муҳоҷирони Русия дар соли 2011  16 миллион нафар дониста шудааст, ки беш аз 9 миллиони онҳо аллакай табаъияти ин кишварро дарёфт кардаанд.{jathumbnail off}