баргард чоп кардан

Зарор Аҳмад Усмонӣ дар агентии назорати маводи нашъадори ҶТ

Имрӯз дар агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон мулоқоти ҳайати вазорати мубориза алайҳи маводи мухаддири Афғонистон таҳти сарпарастии вазири он - Зарор Аҳмад Муқбили Усмонӣ бо роҳбарият ин ниҳод сурат пазируфт.


Тавре ба “Озодагон” аз агентии мазкур хабар доданд, дар нишаст сардори намояндагии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Кобул - Жан-Люк Лимухе, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон доктор Абдулғафури Орзу низ ширкат намуданд. Аснои мулоқот меҳмонон бо фаъолияти агентӣ, воҳидҳои минтақавии он ошно шуданд. Аз анбори нигаҳдории маводи нашъадор, лабораторияи ташхиси судӣ, маркази таҳлилии агентӣ дидан карданд.

Зарор Аҳмад Муқбили Усмонӣ ба хабарнигорон гуфт, ӯ ва ҳайати ҳамроҳонаш дар ҷараёни ин сафар ният доранд, сари масоиле чун ташвиқи ӯҳдадориҳои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, муаррифии лоиҳаи минтақавӣ бо ибтикори намояндагии раёсат дар Афғонистон, чораҳои таҳкими эътимод бо мақомоти салоҳиятдори кишварамон гуфтугӯ кунад. Маврид ба ёдоварист, ки зарфи як ҳафтаи охир ин дуюмин сафари расмии роҳбарони олирутбаи ҷумҳурии исломии Афғонистон ба Тоҷикистон аст, ки ҳамкориҳои марбутаро мавриди сӯҳбат қарор медиҳанд. Рӯзи шанбеи гузашта сафари муовини вазири корҳои дохилии Афғонистон, генерал-полковник Бозмуҳаммад Аҳмадӣ анҷом гирифта буд, ки хотимаи он имзои як санади ҳамкорӣ миёни ин вазорат ва Агентии назорати маводи нашъаовар буд. Гуфтанист, Зарор Аҳмад Муқбил Усмонӣ яке аз он чор сарвари идораҳои вижа аст, ки зери паймони квартети зиддинашъа - Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон имзо гузоштааст. {jathumbnail off}