баргард чоп кардан

Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бо журналистон мулоқот карданист

Созмони байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар тасмим дорад, бо ширкати намояндагони ВАО-и Тоҷикистон нишасти вижаеро баргузор намояд.


Пешгирӣ аз нуқсу ғалатҳо  дар расонаҳои хабарӣ, ки марбут ба ин созмонҳо ҳастанд, аз сабабҳои аслии баргузории ин нишаст унвон мешавад. Аз ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба «Озодагон» гуфтанд, ки дар баъзе маворид аз ҷониби журналистон дар навиштани ном ва фаъолияти ин созмонҳои ҷаҳонӣ иштибоҳоте сурат мегирад. Нишасти мазкур қарор аст рӯзи 27-уми октябр баргузор шавад. {jathumbnail off}