Ҳабси тӯлонии 2 тоҷик барои қатли мусиқишиноси рус
Додгоҳи вилояти Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар қатли омӯзгори мактаби мусиқии назди Консерваторияи давлатии Маскав ба номи П.И. Чайковский, гунаҳкор хонда, барои 21 ва 23 сол равонаи зиндони низомаш сахт кардааст.
Дафтари матбуоти Додситонии Русия гуфтааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон - Хидиралӣ Ғоибов ба 21 сол ва Бекмаҳмад Раҷабов ба 23 соли зиндон маҳкум шудаанд.
Ба иттилои манбаъ зимни мурофиаи додгоҳӣ муайян шудааст, ки 25 уми сентябри соли 2013 шаҳрвандони Тоҷикистон Татяна Стоклитскаяи 75- соларо бӯстонсарояш дар ноҳияи Одинсови назди Маскав ба қатл расонидаанд. Додситонӣ мегӯяд, Раҷабов қаблан дар бӯстонсарои кушташуда кор карда, аз пулҳои ӯ қаблан иттилоъ доштааст: “Ҷинояткорон ӯро хафа карда, калиди хонаи воқеъ дар Маскавро мегиранд ва аз он ҷо 600 ҳазор рублро бо худ мебаранд”.
Мақомоти Русия Татяна Стоклитскаяро муаллимаи калони мактаби мусиқии назди консерваторияи ба номи Чайсковский муаррифӣ мекунанд, ки муаллифи чандин китоби дар бораи “солфеҷио” будааст.