Ҳалокати 4 тоҷик дар пайи бархӯрди Opel бо боркаш
Дар пайи бархӯрди “Opel” бо мошини боркаш дар Домодедоваи назди Маскав 4 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.
Тибқи иттилои мақомоти рус сонеҳаи маргбор соати 23:00 дар километри 60-уми шоҳроҳи Старокаширск рух додааст: “Ҳамаи ҳалокшудагон мусофирони мошини сабукрав мебошанд. Феълан дар ҷои ҳодиса хадамоти махсус кор мекунанд”.