Тоҷикистон боз беш аз 600 миллион $ қарз мегирад
Тоҷикистон дар доираи барномаи нави қарзгирии хориҷӣ тайи се соли оянда беш аз 600 миллион доллар қарзҳои навро ҷалб хоҳад кард.
Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 18 ноябр зимни муаррифии Барномаи қарзгирии беруна барои солҳои 2016-2018 изҳор дошт, ки мақсади асосии ин барнома баланд бардоштани самаранокии идора ва назорат дар самти ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон мебошад.
Вазир дар қатори қарздиҳандагон ба Тоҷикистон Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Хазинаи саудии рушд, Хазинаи қувайтии рушд, Хазинаи созмони давлатҳои содиркунандаи нафт, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки содироту воридоти Хитойро номбар кард.
Абдусалом Қурбониён иброз дошт, ки қарзҳое, ки тибқи барномаи мазкур гирифта мешаванд, имтиёзнок буда, муҳалаташон аз 20 то 40 сол пешбинӣ гардидааст. Номбурда илова намуд, ки ин барнома 48 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 49 созишномаи навро дар бар мегирад.