Самадов дар нигоҳдории адабиёти ҲНИТ айбдор мешавад
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон, Нодирхон Самадов, сокини 51-солаи ноҳияи Ёвонро дар таълимоти ғайриқонунии динӣ, бисёрникоҳӣ ва нигоҳдории адабиёти ҳизби мамнӯи ҲНИТ айбдор мекунанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ зимни корҳои тафтишотӣ муайян шудааст, ки Самадов дар ягон муассисаи таълимии динӣ таҳсил накардааст, аммо наврасонро ҳар субҳу шом дар масҷиди марказии ноҳияи Ёвон ба таълимоти ғайриқонунии динӣ ҷалб мекардааст.
Мақомот инчунин Самадовро дар дузанагӣ муттаҳам карда, изҳор медоранд, ки яке аз занҳояш дар талоши кӯмак ба шавҳар қисме аз адабиёти ҲНИТ-ро оташ задааст.
Манбаъ мегӯяд, феълан тафтиши парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми бисёрникоҳӣ ва таълимоти ғайриқонунӣ алайҳи Самадов идома дорад.