АКС: Хоманаӣ ба Путин аз сиёсату ҳадафҳои Амрико гуфт
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зуҳри 23 ноябр дар ҳошияи ширкат дар нишасти сарони кишварҳои содиркунандаи газ озими Теҳрон шудааст.
Тибқи иттилои хабаргузории “Форс” Путин дар дидор бо раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон яке аз қадимтарин нусхаҳои хатти Қуръони каримро ба Оятулло Хоманаӣ эҳдо кардааст. Ба навиштаи торнамои расмии раҳбари Эрон дидори Владимир Путин бо Оятуллоҳ Хоманаӣ 2 соат тӯл кашидааст. Хоманаӣ дар ин дидор “оқои Путинро шахсияти барҷасте дар дунёи имрӯз” хонда ва аз ҳамроҳии ин кишвар дар ҷараёни музокироти атомӣ ва аз мавқеи Русия дар баробари буҳрони феълӣ дар Сурия қадрдонӣ кардааст.
Раҳбари Эрон ба раисиҷумҳури Русия гуфтааст: “Амрикоиҳо ҳамеша талош мекунанд рақибони худро дар мавзеи заифӣ қарор диҳанд, аммо шумо ин сиёсатро хунсо кардаед”. Ин мақоми баландтарини Эрон тасмимот ва иқдомоти Маскав дар мавзӯи Сурияро муҷиби афзоиши эътибори минтақаӣ ва ҷаҳонии Русия ва шахси оқои Путин донистааст.
Хоманаӣ афзудааст, “амрикоиҳо дар нақшаи дарозмуддат, дар сададанд бо тасаллут бар Сурия ва сипас густариши контроли худ бар минтақа халои тасаллут надоштан бар ғарби Осиёро ҷуброн кунанд, ки ин нақша таҳдид барои ҳамаи миллатҳо ва кишварҳо ба вижа Русия ва Эрон аст.”
Владимир Путин гуфтааст, “мо муттааҳидем, ки бар хилофи бархеҳо, ба шарикамон аз пушт ханҷар назанем ва ҳеч вақт дар пушти парда иқдоме бар зидди дӯстонамон анҷом надиҳем ва агар ихтилофе ҳам дошта бошем бо суҳбат ба тафоҳум бирасем”.
Ин дуввумин мулоқоти Путин ва раҳбари Эрон аст. Раисиҷумҳари Русия 8 сол пеш барои ширкат дар нишасти раҳбарони кишварҳои соҳили баҳри Хазар ба Эрон сафар ва бо Оятуллоҳ Хоманаӣ мулоқот карда буд. Владимир Путин зимни сафари ахираш бо Ҳасан Руҳонӣ, ҳамтои эрониаш низ дидор доштааст. Расонаҳои ин кишвар аз имзо шудани 7 тафоҳумномаи муштарак миёни Русия ва Эрон хабар медиҳанд. Ин сафари Путин ба Эрон ва мулоқоти ӯ бо Оятуллоҳ Хоманаӣ бозтоби густурдае дар расонаҳои маъруфи хориҷӣ доштааст. “ABC News”, як расонаи амрикоӣ, дар бораи дидори раҳбари Эрон бо раисиҷумҳури Русия навиштааст: “Путин баъд аз 8 сол ба Эрон сафар кардааст ва он метавонад ҳамкории онҳоро дар бораи Сурияро тақвият кунад.”
“Wall Street Journal” низ дар таҳлили кутоҳе дидори Путин ва Хоманаиро нишонаи идомаи бештари ҳимояти Эрон ва Русия аз Башор Асад дар Сурия арзёбӣ кардааст.