Бонкдорони Тоҷикистон ба деҳқон бовар надоранд
Дар Тоҷикистон 55 фоизи хоҷагиҳои деҳқонӣ набудани маблағгузориро дар фаъолияти худ мушкили рақами як унвон кардаанд.
Ин нуқтаро масъулини Созмони молиявии байналмилалӣ, дар натиҷаи як тадқиқот муайян кардаанд. Ба гуфтаи тадқиқотчиён бонкдорон дар Тоҷикистон деҳқонро аз сабаби суст будани заминаи гаравмониашон ба қатори мизоҷони аз нигоҳи иқтисодӣ заиф ворид намудаанд. Масъулини созмони молиявии байналмилалӣ таъкид мекунанд, ки сарфи назар аз талаботи зиёд, дар соли 2010, ҳамагӣ 18 фоизи хоҷагиҳои деҳқонӣ тавонистаанд аз бонкҳои хусусӣ қарз гиранд. Ин дар ҳолест, ки давлат ҳамасола за буҷа барои додани қарзҳои имтиёзнок ба деҳқон даҳҳо миллион доллар ҷудо мекунад. Аз ҷумла баҳори имсол вазорати молия эълон дошт, ки барои маблағгузории имтиёзноки бахши хоҷагии қишлоқ ҳудуди 90 миллион сомонӣ равона хоҳанд шуд. Аммо коршиносони вазорати кишоварзӣ мегӯянд, маблағҳо одатан дар паи кашолакориҳо миёни вазорати молия ва бонкҳои тиҷоратӣ ба деҳқонон намерасанд.{jathumbnail off}