Тамрини чархболҳои ҷангии Русия дар Помир
Чархболҳои ҷангии пойгоҳи 201-и Русия, ки дар фурудгоҳи Айнии назди Душанбе мустақар шудаанд, дар шароити куҳсори Помир тамринҳои низомӣ гузарондаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳавзаи низомии марказии Русия тамринҳо дар баландии кам бо назардошти ҳамлаи эҳтимолӣ аз замин гузаронда шуданд: “Дар тамринҳо чархболҳои нақлиётӣ-ҳарбии Ми-8МТВ таҳти пуштибонии ду чархболи зарбазани Ми-24П иштирок кардаанд. Баландии парвозҳо 30 метр ва суръати ҳаракат 250 километр дар як соатро ташкил дод”.
Чархболҳои зарбазани Ми-24П ва ҷангӣ-нақлиётии Ми-8МТВ-ро Русия моҳи октябри соли равон ба Тоҷикистон фиристода, дар фурудгоҳи Айнии назди Душанбе ҷойгир карда буд.
Тамринҳо дар Помир дар ҳолеянд, ки ахиран Семён Багдасаров, сиёсатмадору сиёсатшиноси рус тариқи шабакаи ҳукуматии “Русия” пешниҳоди ҷойгир кардани ду баталиони пойгоҳи низомии 201 дар Бадахшонро кард. Ӯ афзуд, тибқи созишномаи байниҳукуматӣ воҳидҳои пойгоҳи низомии 201-и Русия бо иҷозати ҳукумати Тоҷикистон метавонанд дар минтақаҳои гуногуни кишвар ҷойгир карда шаванд. Богдасаров пешниҳод намуд, ки воҳидҳои пойгоҳи 201 дар Бадахшон ҷойгир шаванд, чун ба гуфтаи ӯ то ҳол Русия дар ин минтақаи муҳим воҳидҳои низомии худро надорад.