баргард чоп кардан

Маршал Қосим Фаҳим ҷиҳати анҷоми сафари чоррӯза ба Душанбе меояд

Муҳаммад Қосими Фаҳим, нойиби аввали президенти Афғонистон, маршали ҷумҳурии исломӣ фардо ҷиҳати  боздиди чоррӯза вориди Душанбе мешавад.


Оҷонсии иттилоотии «Азия Плюс» бо такя ба як манбаъи боэътимодаш дар ҳукумати Тоҷикистон навиштааст, нимаи аввали рӯзи 26-уми октябр дар пойтахт мулоқоти ҷаноби Фаҳим бо райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат мепазирад.

Сарчашмаи хабар ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки аснои мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба тақвияти субот ва амният дар минтақаи Осиёи Марказиро матраҳ карда, вазъи феълии Афғонистон, дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои мухталиф баррасӣ менамоянд.

Ба ҷуз ин вохӯрии Муҳаммад Қосими Фаҳим бо роҳбарони бархе аз вазоратхона ва муассисаҳои Тоҷикистон дар назар буда, мавзуоти марбут ба авзои минтақа муҳокима мегардад.

Маврид ба ёдоварист, Қосими Фаҳими 55-сола  дар таърихи Афғонистон аввалин маршал аст, ки унвони баландатаринро (ба истиснои генералсиммус) соҳиб гаштааст. Таври мисол дар Тоҷикистон то имрӯз касе аз ҳарбиён унвони маршалиро нагирифтааст. Бойиси тазаккур аст, ки Муҳаммад Қосими Фаҳим аз тоҷикони водии Панҷшер ва яке аз наздикони шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд аст, ки солҳои тӯлонӣ дар муқовиматҳо алайҳи таҷовузи артиши шӯравӣ ва ҷангиёни ҳаракати «Толибон» дар паҳлӯи сипаҳсолор қарор дошт.{jathumbnail off}