баргард чоп кардан

Хадамот: Назаровҳо бо хонаи нав таъмин шуданд

Ҷамоати тоҷикони Санкт Петербург хонаводаи Назаровҳо, наздикони Умаралии марҳумро, ки ахиран аз манзили иҷораашон ронда шуданд, бо хонаи нав таъмин кардааст.

Дар ин бора ба “Озодагон" Аҳмад Иброҳим, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хабар дода, афзуд, ки Назаровҳо рӯзи 26 ноябр бо хона ва маблағи иҷора таъмин гардиданд.

Мақомоти Русия падар ва модарбузурги Умаралӣ Назаровро аз хонаи иҷораашон, ки дар хиёбони Лермонтови шаҳри Санкт-Петербург буд, ба далели он, ки бино барои истиқомат нест, берун кардаанд.

Умаралӣ Назарови 5 моҳа, шаби 13 ба 14 октябри соли равон баъди чанд соати гирифтанаш аз дасти модар дар беморхонаи Симбалина даргузашт. Феълан аз рӯи ин қазия парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.