Ҷоми Тоҷикистон ин бор ҳам насиби “Истиқлол” шуд (АКС)
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар даври финалии мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон тими “Регар-ТадАЗ”–и Турсунзодаро шикаст дода, бори панҷум соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гардид.
Ин қувваозмоӣ 28 ноябр дар Душанбе баргузор шуд ва вақти асосии бозӣ бидуни гол анҷом ёфт. Дар ду қисми 15-дақиқаӣ ҳарду даста тавонистанд ба дарвозаи ҳариф 2 голӣ ворид сохта, ҳисобро боз мусовӣ кунанд. Довар зарбаҳои 11-метра таъин кард ва “Истиқлол” бо ҳисоби 6:5 “Регар-ТадАЗ”-ро мағлуб намуд.
Дар хотимаи бозӣ Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ҷоми Тоҷикистонро ба капитани “Истиқлол” -- Дилшод Восиев супурд.