Боздошти ноболиғе, ки бо корд ба апааш ҳамла кардааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ноболиғи 14-сола бо иттиҳоми бо корд задани апааш хабар додааст.
Дафтари матбуоти ин ниҳод мегӯяд, сокини 14-солаи ноҳияи Шаҳринав апаи ноболиғи худ, духтари 15-соларо бо ду зарбаи корд захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст: “Далели шайъӣ корд гирифта шуда, аз рӯи ҳодиса тафтишот идома дорад”.